Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад

 Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад

Фардо, 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «Н» оғоз мешавад. Дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳои қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дар остонаи оғози даври интихобӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он комиссарони бозӣ, нозири доварон, корманди тиббии КФО, намояндагони дастаҳо, инчунин намояндаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат варзида, масъалаҳои умумии ташкилиро муҳокима карданд.

Дастаи наврасони мо бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 фардо, 5-уми октябр бо ҳамсолони худ аз Муғулистон анҷом медиҳад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва шаш дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

Гурӯҳи «H»

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Муғулистон.

Даври 1

5 октябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 19:00

Муғулистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2

7 октябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 19:00

Афғонистон – Муғулистон

Даври 3

9 октябр (якшанбе)

Оғоз – соати 19:00

ТОҶИКИСТОН – Афғонистон


#AFCU17 #AFCU17Qualifiers #ТочикистонБаПеш