Панҷ навъи варзиши нав шомили барномаи Бозиҳои Олимпӣ-2028 шуданд
Кумитаи иҷроияи Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) 5 навъи варзишро шомили Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ -2028 намуд.
Ба барномаи Бозиҳои Лос-Анҷелес намудҳои варзиши флаг-футбол, крикет, лакросс, сквош ва бейсбол ворид карда шудаанд.
«Ин панҷ навъи варзиши пешниҳодшуда ба талаботҳои фарҳанги варзишии амрикоӣ пурра мувофиқат мекунанд ва ба ҷаҳон намудҳои зебои варзиши амрикоиро нишон медиҳанд.
Шомилкунии онҳо ба ҳаракати олимпӣ иҷоза имкон медиҳад то бо ҷомеаҳои нави варзишгарону мухлисон дар ИМА ва тамоми ҷаҳон ҳамоҳангсозӣ намоем.
Ҳамзамон намудҳои байналмилалии варзиш ба Иёлоти Муттаҳида меоянд», – изҳор намуд роҳбари КБО Томас Бах вақти ҷамъбасти ҷаласаи кумитаи иҷроияи ташкилот дар шаҳри Бомбайи Ҳиндустон.