Парвандаҳо алайҳи “Реал”, “Барса” ва “Юве” боз дошта шуд

Парвандаҳо алайҳи “Реал”, “Барса” ва “Юве” боз дошта шуд

Созмони УЕФА эълон кард, ки парвандаҳо алайҳи дастаи “Реал Мадрид”, “Барселона” ва “Ювентус” боздошта мешаванд. Ҷазои интизомӣ алайҳи ин дастаҳо дар охири моҳи май дар робита бо эҳтимоли вайрон кардани қоидаҳои муқаррароти УЕФА бо сабаби ташкили мусобиқаи Суперлигаи Аврупо оғоз карда шуда буд. Пештар хабар дода шуда буд, ки муассисони Суперлига алайҳи ФИФА ва УЕФА ба Суди Адлияи Аврупо барои нақзи қонуни рақобат дар ИА даъво кардаанд.