Парвиз Каримов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё

Парвиз Каримов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё

Дар рӯзи охири Чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Таиланд кишвари моро 2 муштзан Акмал Убайдов ва Парвиз Каримов муаррифӣ карданд. Акмал медали тилло  гирифт ва Парвиз соҳиби нишони нуқра шуд.

Парвиз Каримов зери вазни 92 кг дар финал аз муштзани қазоқ Сагюндюк Тогамбай пеш аз муҳлат шикаст хӯрд. Дар роҳ ба финал Каримов дар даври аввал озод буда, дар даври нимниҳоӣ Богдан Толмачов аз Украинаро мағлуб карда буд.

Ҳамин тавр, Чемпионати Осиё барои муштзанони тоҷик бобарор анҷом ёфт. Муштзанони кишвари мо 1 нишони тилло, 1 нишони нуқра ва 3 нишони биринҷӣ ба даст оварданд, ки аввалин бор дар таърихи бокси Тоҷикистон мебошад.

Медали тиллоро Акмал Убайдов зери вазни 60 кг, медали нуқраро Парвиз Каримов зери вазни 92 кг, медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Саидов зери вазни 86 кг, Шаҳобҷон Шукуров зери вазни 71 кг ва Шукрат Саломатов зери вазни 67 кг соҳиб шуданд. Муштзанони дигари мо Меҳрон Шафиев (48 кг) , Хусравхон Раҳимов (57 кг) , Абдумалик Болтаев (80 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг) бемедал мусобиқаро ҷамъбаст намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оиди бокс дар шаҳри Чиангмайи Таиланд аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр миёни беҳтарин муштзанони қораи Осиё доир гардид. Дар мусобиқа беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 кишвари Осиё ширкат варзиданд.