Парвиз Каримов ноибқаҳрамони Осиё дар соли 2026

Парвиз Каримов ноибқаҳрамони Осиё дар соли 2026

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон - Чемпионати Осиё оид ба бокс ба анҷом расид. Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳои марҳили ниҳоӣ баргузор шуданд. Дар ин марҳилаи мусобиқа кишвари моро Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг намояндагӣ кард.

Парвиз Каримов дар финали мусобиқа бо намояндаи Ӯзбекистон -Ҳалимҷон Мамасолиев ба ҳам омад. Дар ин рақобат ҳарду муштзан фаъол буда, зарбаҳои ҳадафрас доштанд ва танҳо қарори доварон дар охир ғолибро муайян намуд. Доварон дар ин рақобат бо қарори якдилона бо ҳисоби 5:0 пирӯзиро ба намояндаи Ӯзбекистон доданд ва Парвиз Каримов ба гирифтани нишони нуқра шарафёб гардид.

Ин аввалин медали нуқраи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои таҳти сарпарастии World Boxing ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар Улан-Батор Миҷгона Самадова (57 кг) ва Некрӯз Салимов (80 кг) барои Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Дар умум, Тоҷикистон бо 3 медал, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ мусобиқаро ба анҷом расонид.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан соли 2024 муштзани тоҷик Парвиз Каримов зери вазни 92 кг дар Чемпионати Осиё дар Тайланд соҳиби нишони нуқра шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, имрӯз 10 апрел ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва наздикӣ 230 муштзан ширкат намуданд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуд.