Парвози Аморим ба Манчестер ба таъхир афтод

Парвози Аморим ба Манчестер ба таъхир афтод

Омадани мутахассиси португалӣ Рубен Аморим ба ҳайси сармураббии «Манчестер Юнайтед» ба таъхир афтод. Дар ин бора ESPN хабар медиҳад.

Мутахассиси португалӣ бояд рӯзи 11 –уми ноябр дар дастаи «Манчестер Юнайтед» корро оғоз мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, Аморим метавонад бо таъхир ба кор шурӯъ кунад, зеро “Манчестер Юнайтед” то ҳол мунтазири тасдиқи раводиди корӣ аст. Қайд карда мешавад, ки клуб дар ҳуҷҷатҳои Аморим ягон мушкилотро интизор нест.

Ёдовар мешавем, ки пас аз истеъфои Эрик тен Ҳаг вазифаи сармураббии дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро Рууд ван Нистелрой иҷро мекунад, ки таҳти раҳбарии ӯ даста 3 пирӯзӣ ва як мусовӣ дорад.