Пас аз 11 сол Вератти тарки “ПСЖ” карду ба Қатар омад

Пас аз 11 сол Вератти тарки “ПСЖ” карду ба Қатар омад

Нимҳимоятгари дастаи “ПСЖ” - Марко Верратти расман бозигари бошгоҳи “Ал-Арабӣ”-и Қатар шуд. Қаҳрамонони Фаронса барои итолиёвии 30-сола, 45 миллион евро пардохт кардааст.

Верратти дар дастаи “ПСЖ” 11 сол бозӣ кард ва ба афсонаи ҳақиқии тим табдил ёфт, ки 416 бозӣ (аз ҳама бештар дар таърих) ва 30 ҷоиза ба даст овардааст. Вератти на танҳо дар таърихи бошгоҳи шаҳри Париж , балки дар тамоми Лигаи 1 муваффақтарин бозигар аст.


Чанд рӯз пеш, ситораи дигари футболи Аврупо Филиппе Коутинйо аз “Астон Вилла” ба дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо иҷора равон карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё дастаи “Ал-Дуҳайл” бо “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шомили як гурӯҳ мебошанд ва рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе андари майдони рақобат мегарданд.