Пас аз 12 сол дигарбора Кореяи Ҷанубӣ ба даври плей-оффи ҶҶ роҳ ёфт!

Пас аз 12 сол дигарбора Кореяи Ҷанубӣ ба даври плей-оффи ҶҶ роҳ ёфт!

Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Португалия дар бозии даври 3-юми Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бо ҳам вохӯрданд.

Бозӣ дар варзишгоҳи "Eduction City" дар  шаҳри Ар- Райён баргузор шуд, ки дорои 44667 ҷой нишаст мебошад.  Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи намояндаи Осиё анҷом ёфт. Рикардо Орта дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Ким Юн Квон дар миёнаи аввали бозӣ ҳисобро баробар кард.

Юн Квон тӯбро ба кунҷи поёни дарвоза равона карда, таносубро барқарор намуд. Дар дақиқаи аввали иловагӣ Сон Хин Мин бо ҳамдастааш Хван Хи Чан кӯмак намуд то ба задани голи ғалабаовард жаст биёбад. Баъд аз ин ғалаба Корея бо 4 хол ба марҳилаи плей-офф баромад. 

Дар даври 1/8-ниҳоӣ  Кореяи Ҷанубӣ муқобили Бразилия бозӣ мекунад.