Пас аз 15 сол Тоҷикистон дигарбора ба марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал роҳ ёфт!

 Пас аз 15 сол Тоҷикистон дигарбора ба марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал роҳ ёфт!

Имрӯз дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё 2022 оид ба футзал мунтахабҳои Тоҷикистон ва Туркманистон  андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло”  доир шуда, бо натиҷаи 8 бар 5 ба нафъи футзалбозони тоҷик анҷом ёфт.

Пас ин ғалаба футзалбозони тоҷик сеюмин дастае дар Ҷоми Осиё оид ба футзал шуданд, ки ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Аз ин пештар мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуда буданд.

Ҳамакнун дастпарварони  Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақиби мунтахаби мо шоми имрӯз муайян хоҳад шуд.

 Бозиҳои марҳилаи ¼ -ниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр доир шуда, даври ниҳоии мусобиқа рӯзи 8-уми октябр баргузор мешавад. 

Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон бори охир понздаҳ сол қабл – соли 2007 ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд.

 Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Гурухи «В». Даври 3

ТОҶИКИСТОН –  Туркманистон – 8:5

Голҳо: Мақсад Султонов, 3 (0:1). Идрис Ёров, 8 (1:1). Идрис Ёров, 8 (2:1). Муҳаммадҷон Шарифов, 11 (3:1). Шири Байрамдурдиев, 18 – ба дарвозаи худ (4:1). Гурбангелдӣ Сахедов, 20 (4:2). Идрис Ёров, 22 (5:2). Аннагулиев, 35 (5:3). Файзалӣ Сардоров, 37 (6:3). Аннагулиев, 38 (6:4). Идрис Ёров, 38 (7:4). Файзалӣ Сардоров, 40 (8:4). Гурбангелдӣ Сахедов, 40 (8:5).

 Корти сурх: Фирӯз Бекмуродов (Тоҷикистон), 20.

1 октябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».