Пас аз 3 сол дигарбора “Барселона” ба даври плей-оффи ЛЧ роҳ ёфт
Дар доираи бозиҳои даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Барселона” ва “Порту” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона дар ҳузури 43 533 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди мизбонон анҷом ёфт.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ Пепеи бразилӣ аз ҳайати “Порту” ва Жоау Канселу ва Жоау Феликси португалӣ аз ҳайати “Барселона” ба самар расониданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Шахтер” бо ягона голи Николай Матвиенко тими “Антверпен” дар Гамбург дар ҳузури 47 209 нафар мухлис шикаст дод.
Пас аз ин ғалаба бошгоҳи “Барселона” шумораи имтиёзҳояшро дар гурӯҳи “Н” ба 12 адад расонида, роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. Пас аз 3 сол бошгоҳи каталонӣ, ки наметавонист аз гурӯҳ ба даври ҳазфӣ барояд, дигарбора ба даври плей-офф роҳ ёфт. “Порту” ва “Шахтер” 9 имтиёзӣ доранд ва дар даври охир барои роҳхати даври плей-офф мубориза хоҳанд бурд. Дастаи “Антверпен” бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.
Дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ “Антверпен” бо “Барселона” ва “Порту” бо “Шахтер” рӯзи 14-уми декабр бозӣ мекунанд.
