Пас аз 6 595 рӯз Рамос дигарбора аз ҳайати “Севиля” ба майдон баромад
Серхио Рамос дигарбора пас аз 18 сол дар ҳайати “Севиля” ба майдон баромад. Дар бозии даври 5-уми чемпионати Испания – Рамос аз ҳайати асосӣ дар бозӣ муқобили “Лас-Палмас” ба майдон баромад.
Рамоси 37 сола дастпарвари тими “Севиля” буда, соли 2005 онро тарк карда, ба «Реал Мадрид» гузашта буд. Охирин дастаи Серхио Рамос ин тими “ПСЖ” буд, ки дар охири мавсим аз он хориҷ шуд. Футболбоз ҳамчун бозигари озод бо “Севиля” қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.
Дар бозӣ бо “Лас-Палмас” дастаи “Севиля” бо ҳисоби 1 бар 0 бо ягона голи Доди Лукебакио ғалаба кард. Пас аз бозӣ Рамос бозгашти 18 солаашро ба “Севиля” баён кард.
«Ман эҳсосоти хеле қавӣ доштам. Бо мардуми худ, хонаи худ, мухлисони худ вохӯрдан хеле ҳаяҷоновар аст. Ин як чизи беназир аст, ки онро бо сухан тавсиф кардан ғайриимкон аст"
Ёдовар мешавем, ки «Севиля» дар мавсими имсола холҳои аввалини худро ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи 17-ум баромад.