Пас аз 6 сол “Хуҷанд” дар Лигаи олӣ бар “Истиқлол” зафар ёфт

Дар доираи бозиҳои даври 15-уми Лигаи олӣ дастаи “Хуҷанд” дар сафар муқобили “Истиқлол” пирӯзӣ ба даст овард. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи тими шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт.
Голи ягонаи ин нерӯсанҷиро дар дақиқаи 76-уми қисми дуюм муҳофизатгари “Хуҷанд” Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонид. Дар идомаи ҳарчанд шогирдони Никола Лазаревич барои мусовӣ кардани ҳисоб талош намуданд, вале муваффақ нагардиданд.
Бояд қайд кард, ки ин пирӯзии деринтизор дар доираи бозиҳои Лигаи олӣ барои ҳаводорони “Хуҷанд” баъди 6 сол муяссар гардид. Маротибаи охир футболбозони “Хуҷанд” дар Лигаи олӣ моҳи майи соли 2018 бо ҳисоби 4 бар 3 “Истиқлол”- ро мағлуб карда буд.
Дастаи “Истиқлол” бошад, пас аз 15 даври Лигаи олӣ аввалин бор мувоҷеҳи шикаст шуд. Ҳоло пас аз 15 даври мусобиқа “Истиқлол” бо 42 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Хуҷанд” бо 28 имтиёз дар зинаи сеюм аст.