Пас аз пирӯзии таърихӣ дар Бозиҳои олимпӣ, Алисе Белланди боз ҷаҳонро тасхир кард!

Пас аз пирӯзии таърихӣ дар Бозиҳои олимпӣ, Алисе Белланди боз ҷаҳонро тасхир кард!

Дар шаҳри Будапешти Маҷористон мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон идома дорад. Дар рӯзи шашуми мусобиқа дар вазни то 78 кг миёни бонувон рақобатҳо ҷолибу диданӣ гузаштанд. Алисе Белланди аз Италия медали тилло гирифт.

Ҷудокори 26 солаи итолиёвӣ Алисе Белланди дар роҳ ба финал рақобатҳои мушкил дошт ва масири ноҳамвореро тай намуд. Белланди дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм намояндаи Кения Зедди Черотичи 35 соларо шикаст дод.

Дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Белланди ғалабаро бар Саги Николетти мизбон ба даст оварда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Ма Женжао аз Чинро шикаст дода, роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд. Женжаои 27 сола дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

Дар марҳилаи нимниҳоӣ Белланди бо Лобник Метка аз Словения гӯштин гирифта, дастболо гардид ва роҳашро ба финал ҳамвор намуд. Дар финал Белланди бо Анна Монта аз Олмон баҳри дарёфти медали тилло сабқат карданд. Монтаи 22 сола собиқ қаҳрамони ҷаҳон буда, дар ин нерӯсанҷӣ аз Белланди мағлуб шуд ва соҳиби нишони нуқра гардид.

Белланди пас аз тиллои Бозиҳои Олимпии Париж-2024 ҳамакунун дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ҳам соҳиби медали тилло гардид, ки аввалин тилло дар корномааш маҳсуб мешавад. Ба ҳамин тартиб, баъд аз пирӯзии дурахшонаш дар Бозиҳои олимпӣ, Алисе Белланди бори дигар бо маҳорати фавқулоддааш ҷаҳони варзишро ба ҳайрат овард!

Ғолибони Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2025

Вазни -78 кг

1.Алисе Белланди (Италия)

2.Анна Монта (Олмон)

3.Курена Икеда (Ҷопон)

3.Патрисиа Сампаио (Португалия)