Патрик Виейра сабабҳои бохти “Арсенал”-ро аз “Манчестер Юнайтед” шарҳ дод
Патрик Виейра - нимҳимоятгари собиқи бошгоҳи Арсенал дар бораи бохти “тупчиён” бо ҳисоби 3-2 аз “Манчестер Юнайтед” дар даври 23-юми Премер-Лигаи Англия изҳори назар кард.
Англия – Премер-лига. Даври 23-юм
25 январи соли 2026, якшанбе. 21:30 ДШБ
“Арсенал” (Лондон) 2:3 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
1:0 Мартинес – 29' 1:1 Мбемо – 37' 1:2 Доргу – 50' 2:2 Мерино – 84' 2:3 Куня – 87'
"Тӯпчиён" ҳанӯз чор хол пешсафӣ доранд, аммо саволҳо дар бораи устувории равонии онҳо боқӣ мемонанд. “Арсенал” бояд ба чизҳои асосӣ баргардад: озодона бозӣ кунад ва малакаҳои асосиро барои пешрафт нишон диҳад. Бозингарон бояд беҳтарин ҳолати худро нишон диҳанд – ин чиз ба баъзеҳо нарасид. Онҳо ба пешвое ниёз доранд, ки рӯҳияи дастаро афзоиш диҳад. Сакаро хеле кам дар рақобат мушоҳида кардаанд. Дар чунин бозиҳои муҳим ман интизор будам, ки ӯ пешсаф шавад ва гол занад, аммо ман инро надидам", - гуфт Виейра вақти сӯҳбат бо BBC.
Пас аз ин бозӣ “Арсенал” бо 50 имтиёз дар ҷадвали Премер-лига пешсаф аст. “Манчестер Юнайтед” бошад бо 38 имтиёз дар ҷои чорум мебошад.