Пау Кубарси - номзади асосӣ дар гирифтани ҷоизаи Golden Boy — 2026
Ҳимоятгари мунтахаби Испания ва бошгоҳи "Барселона" Пау Кубарси пешсафи рейтинги навшудаи довталабон барои ҷоизаи Golden Boy — 2026 гардид. Оиди ин дар саҳифаи махсуси ин ҷоиза дар шабакаи иҷтимоии X эълон шуд.
10 - гонаи беҳтарини раддабандӣ чунин аст:
1. Пау Кубарси (Барселона).
2. Ламин Ямал (Барселона).
3. Ян Диоманде (Реал Мадрид).
4. Уоррен Зоир-Эмери (Пари Сен-Жермен).
5. Аюб Бухадди (Лилл).
6. Виктор Фрохолдт (Порту).
7. Райан (Борнмут).
8. Хендрик (Реал Мадрид).
9. Эли Крупи (Борнмут).
10. Эстевао Виллиан (Челси).
Ҷоизаи Golden Boy ба беҳтарин футболбози сол ки синнашон то то 21-сола мебошад ва дар яке аз дивизионҳои олии лигаи Аврупо бозӣ мекунад, дода мешавад. Ин ҷоизаро танҳо як маротиба дар тӯли фаъолияти варзишӣ бозигар ба даст овардан мумкин аст, аз ин рӯ Ламин Ямал дигар наметавонад ин ҷоизаро ба даст орад, чунон ки қаблан дар соли 2024 ин корро карда буд.