Паём – роҳнамои рушди дзюдо

Паём – роҳнамои рушди дзюдо

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм, маориф ва алалхусус варзиш барои соли 2020 муайян карда шуд.
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Паёми навбатии Пешвои Муаззами Миллатро сармашқи фаъолияти худ карда, алакай ба татбиқи яке аз дастурҳои ба худ хосро дар самти оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тандурустии аҳли ҷомеа, алалхусус насли наврас тариқи фароҳам овардани шароити созгор қадами аввалро гузошт.
Дар чаҳорчӯби Қарордоди баимзорасонидаи ҳамкорӣ Федератсияи Байналмилалии Дзюдо, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаи «Дзюдо дар мактабҳо»-ро дар 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда шуд.
Ҳадафи асосии барномаи мазкур ин омӯзонидани кӯдакони синну соли 5-12 сола аз маҳорати иҷтимоӣ, таълимӣ ва ҷисмонӣ тавассути дарси дзюдо мебошад.    
Дар ин раванд ҳамчун иншооти аввалин яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон интихоб гардид. Роҳбарияти Федератсияи дзюдои мамлакат дар маросими идона дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба таҳсилкунандагони мактаб кӯмаки техникиро аз қабили татамии варзишии дзюдо ва либосҳои варзишии дзюдо (кимоно) тақдим намуданд. Ҳамзамон дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур мураббии дзюдо ҳар моҳ аз ҷониби Федератсия бо маош барои таълими дарси дзюдо таъмин карда хоҳад ҳуд. 
Бояд хотиррасон намуд, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи “Дзюдо дар мактаб” рӯзҳои наздик боз якчанд макотибҳои дигари мамлакат иқдоми мазкур низ расман ҳусни оғоз хоҳад ёфт.

2G5A3411.JPG2G5A3502.JPG2G5A3521.JPG2G5A3677.JPG