Пайрав Воҳидов соҳиби иҷозатномаи мураббигии «Level-3»-и КФО гардид!
Аз 5-ум то 19-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон курсҳои барномаи «Level-3» барои мураббиёни футзал доир гардид.
Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон ва дастаи «Соро компания»-и Душанбе Пайрав Воҳидов низ дар ин курсҳои барномаи «Level-3» иштирок намуд. Инструкторони курсҳо дастурдиҳандаҳои КФО Ҳусайн Шамс ва Мотамеди Пежман буданд. Барномаи курсҳои мураббигӣ аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буданд.
Аз миёни иштирокчиёне, ки дар курси омӯзиши ширкат доштанд беҳтаринҳояшон аз ҷониби Конфедератсия футболи Осиё муайян гардида, соҳиби иҷозатномаи «Level-3»-и КФО шуданд. Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон ва дастаи «Соро компания»-и Душанбе Пайрав Воҳидов дар қатори беҳтаринҳои ин курси омӯзишӣ шомил шуд ва ҳамзамон соҳиби муҷаввизи «Level-3» гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки муҷаввизи «Level-3»-и КФО бо иҷозатномаи мураббигии «Pro» дар футбол баробар аст.