Пеналти нобиғаҳои футболро муттаҳам кард

Пеналти нобиғаҳои футболро  муттаҳам кард

Сомонаи Transfermarkt рӯйхати 10 футболбозеро, ки дар асри XXI аз ҳама бештар натавонистаанд зарбаҳои 11 метраро ба ҳадаф расонанд, тартиб додааст. Ҳамлагари "Барселона" Лео Месси дар ҳамаи мусобиқаҳо дар топ-5 чемпионати аврупоӣ аз ҳама бештар натавонистааст, ки зарбаҳои пеналтиро ба ҳадаф расонад. Зинаҳои дуюм ва сеюмро ҳамлагари "Ювентус" - Криштиану Роналду ва собиқ ҳамлагари дастаи "Рома" - Франческо Тотти бо аз даст додани 18 пеналтигӣ байни ҳам тақсим карданд.

Рӯйхати топ 10 чунин аст:

1. Леонел Месси (Барселона)- 22 пеналти

2. Криштиану Роналду (Ювентус)- 18 пеналти

3. Франческо Тотти (собиқ, Рома)- 18 пеналти

4. Антонио Ди Наиале (собиқ, Удинезе)- пеналти 14

5. Эдисон Кавани (ПСЖ)- 13 пеналти

6. Уэйн Руни (Дерби Каунти, собиқ Манчестер Юнайтед)- 12 пеналти

7. Серхио Агуэро (Манчестер Сити)- 12 пеналти

8. Роналдиню (собиқ, Барселона)- 10 пеналти

9. Руд ван Нистелрой (собиқ, Манчестер Юнайтед)- 10 пеналти

10. Аритс Адурис (собиқ футболбоз)- 10 пеналти