“Персеполис” бо камбэк ғалаба кард

“Персеполис” бо камбэк ғалаба кард

Дар даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ-Осиё дар гурӯҳи Е “Ал-Райан” бо “Персеполис” бозӣ кард. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Фаторда” баргузор шуда, бо ҳисоби 1:3 ба фоидаи эрониҳо хатм гардид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 19-ум Наиф Абдулраҳим кушода “Ал-Райан”-ро пешсаф намуд. Дар қисмати якум ба “Персеполис” муяссар нашуд, ки натиҷаро баробар кунад. Нимаи дуюм пурра бо бартарии “Персеполис” сурат гирифта, эрониҳо дар даҳ дақиқа се гол заданд. Сараввал Камолиддин Камябиниа дар дақиқаи 47-ум ҳисобро баробар кард. Баъди ду дақиқа Шаҳриёр Моғанлоу ҳисобро 1:2 намуд. Голи охирин ва ғалабаоварро боз ҳам Шаҳриёр Моғанлоу ба номаш сабт карда, ғалабаи дастаашро таъмин сохт. Баъди ин ғалаба “Персеполис” бо шаш имтиёз дар зинаи аввали гурӯҳи “Е” қарор дорад. “Ал-Райан” бо як хол дар зинаи сеюм аст.