Пеш аз бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҷаласа баргузор шуд
Дар арафаи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар меҳмонхонаи "Румӣ"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи ташкилӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин намояндагони мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд.
Зимни нишаст масъалаҳои ташкилии марбут ба бозиҳои дӯстонаи дарпешистода баррасӣ шуда, ранги либоси бозигарон низ тасдиқ гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал муқобили тими миллии Ҳиндустон бо либоси сафед ва дар вохӯрии дуюм бо либоси сурх ба майдон мебарояд.
Тибқи мувофиқа, ҳар як даста дар ҷараёни вохӯрӣ метавонад то ҳафт бозигарро иваз намояд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 июн тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозии дӯстона бо яккачини Ҳиндустон рақобат мекунад. Ин нахустин бозии сармураббии нави дастаи миллӣ мутахассиси македонӣ Игор Ангеловский дар ҳайати мунтахаби кишвар хоҳад буд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.Оғози бозӣ соати 20:00 дар назар аст.