Пеш аз “Эл-Классико” дар “Реал Мадрид” вазъ ноором аст
Дар дохили тими «Реал Мадрид» дар ҳафтаҳои охир вазъияти бисёр ноором ба вуҷуд омадааст. Бино ба хабарҳо, Феде Валверде ва Орелиен Тчуамени ду рӯз пайдарпай бо ҳам ҷанҷол кардаанд ва пас аз муноқишаи дуюм Валверде ҳатто ба беморхона муроҷиат намудааст.
Гуфта мешавад, ки баъд аз ин ҳодиса дар утоқи либосивазкунии даста бо иштироки ҳамаи бозигарон маҷлиси фаврӣ баргузор шуд. Ҳамчунин, бар асоси баъзе маълумотҳо, шаш бозигар аз суҳбат бо сармураббӣ даст кашидаанд.
Дар ҳамин ҳол, сафари Килиан Мбаппе ба Италия бо дӯстдухтараш дар чунин шароити душвори клуб норозигии як қисми бозигаронро ба вуҷуд овардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бисёре аз мухлисон аз рафтани ҳамлагари фаронсавӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Илова бар ин, хабар дода мешавад, ки байни Мбаппе ва баъзе аъзои штаби мураббиён баҳсҳои шадид сар задаанд.
Манбаъҳо инчунин мегӯянд, ки ҳаҷми корҳои тактикӣ дар тамринҳои даста коҳиш ёфтааст ва бархе аз футболбозон аз муносибат ва фидокории баъзе ҳамдастаҳои худ норозӣ ҳастанд. Ба ғайр аз ин, маълумоти махфӣ аз дохили утоқи либосивазкунӣ пайваста ба берун паҳн мешавад.
Дар миёни овозаҳои сершумор боз як хабар ҳам паҳн гардидааст, ки гӯё Антонио Рюдигер ба Алваро Каррерас шапалоқ зада, ҳатто он қадар ба ӯ дод задааст, ки ҳамдастаҳо маҷбур шудаанд миёнравӣ кунанд ва Рюдигерро водор созанд бахшиш пурсад.
Ҳамин тавр, тибқи хабарҳои ахир, дар дохили «Реал Мадрид» айни ҳол фазои пуртаниш ва бетартибӣ ҳукмрон аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10-уми май дастаҳои «Барселона» ва «Реал Мадрид» дар доираи бозиҳои даври 35-уми Ла Лига ба ҳам меоянд. Ин вохӯрӣ тақдири қаҳрамониро барои «Барселона» дар мавсими имсолаи Ла Лига ҳаллу фасл мекунад.