Пеш аз муҳлат Тоҷикистон қаҳрамони Чемпионати CAFA U-17 шуд
Дар даври чорум наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Пирӯзии дастаи моро голҳои Идрис Давлатзода ва Муҳаммад Назриев таъмин кард. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон (3:1) ва Қирғизистон (4:1)-ро мағлуб карда буд.
Дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2023 рӯзи 27-уми август тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи Эрон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои даври аввал Афғонистон бо ҳисоби 3 бар 0 муқобили Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 1 муқобили Эрон зафар ёфта буданд. Дар бозиҳои даври дуюм Тоҷикистон бо ҳисоби 3 бар 1 Афғонистонро мағлуб карду Ӯзбекистон бо ҳисоби 2 бар 0 Қирғизистонро шикаст дод. Дар бозиҳои даври сеюм Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 1 Қирғизистонро шикаст доду Афғонистон ба таври ҳангомавӣ бо ҳисоби 2 бар 1 муқобили Эрон зафар ёфт.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа Тоҷикистон бо 9 имтиёз пешсаф аст Ӯзбекистон ва Афғонистон бо 6 имтиёзи дар зинаи дуюм ҷойгиранд.Эрон бо 3 имтиёз ва Қирғизистон бидуни имтиёз дар таҳхонаи ҷадвал маскан гирифтаанд.
Чемпионати CAFA миёни наврасон (U-17)
Даври 4
Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Идрис Давлатзода, 12 (0:1). Муҳаммад Назриев, 44 (0:2).
Эрон – Қирғизистон – 7:0