Пеш аз оғози мусобиқаи CAFA-2022 (U-19) нишасти хабарӣ доир мешавад

Пеш аз оғози мусобиқаи CAFA-2022 (U-19) нишасти хабарӣ доир мешавад

Ба диққати рӯзноманигорон! Пагоҳ, 4 август, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00 дар назар аст.

 Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон посух медиҳанд.

 Қабл аз шуруи нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон метавонанд барои инъикоси мусобиқа рухсатномаи аккредитатсионӣ гиранд.

 Барои маълумоти муфассал ба рақамҳои зерин муроҷиат кунед: 918667387 (Фаридун Солиев).

 #CAFA #CAFAU19