Пешсафии Норвегия дар Чемпионати ҷаҳон

Пешсафии Норвегия дар Чемпионати ҷаҳон

Мунтахаби Норвегия оид ба биатлон дар Чемпионати ҷаҳон мақоми аввалро ишғол кард. Дар мубориза барои ишғоли зинаи аввал ҳарифони асосии норвегиягиҳо варзишгарони мизбон - тими Италия ба шумор мерафт. Чемпионати ҷаҳон оид ба биатлон дар Разун-Антерселваи Италия ҷараён дорад. Дирӯз дар навъи эстафетаи омехта ба варзишгарони кишвари Норвегия касе баробар шуда танавонист. Дастаи Норвегия, ки иборат аз варзишгарони шинохтаи ин кишвар - Марте Рёйселанд, Тирил Экхофф, Тарей Бё ва Йоханнес Бё иборат буд, новобаста аз иловаи 7 тир бо нишондоди хуб барандаи медалҳои тилло шуданд. Дар ҷойи дуюм бошад, мунтахаби Италия қарор гирифт. Варзишгарони итолиёвӣ - Лиза Виттосси, Доротея Вирер, Лукас Хофер ва Доминик Виндиш аз ғолиб бо +15,6 (0+6) сония тафаввут доштанд. Дар зинаи сеюми Чемпионати ҷаҳон мунтахаби Чехия қарор гирифт.

Чемпионати ҷаҳон

Эстафетаи омехта

1 (2). Норвегия — 247 (+60)

2 (1). Фаронса — 224 (+36)

3 (4). Олмон — 211 (+43)

4 (3). Шветсия — 207 (+30)

5 (6). Италия — 202 (+54)