Петр Сегрт ва Аҳтам Назаров дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ бо яккачини Урдун иштирок карданд

Имрӯз, 15-уми ноябр дар остонаи бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и пойтахт нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ва сарвони тими миллӣ Аҳтам Назаров ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд. Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби тими Урдун сармураббӣ Ҳусейн Аммута ва бозигари даста Нуриддин Ал-Равабдеҳ ширкат карданд.
Сараввал ба суоли хабарнигорон сармураббии навтаъйиншудаи яккачини Урдун муттахасиси мағрибӣ Ҳуссейн Аммута ва нимҳимоятгар Нур Ал- Равабдеҳ ҷавоб гуфтанд.
Сармураббии тими миллии Урдун дар ҷараёни нишаст аз омодагии хуби дастпарваронаш гуфт ва қайд кард, ки баъди доир намудани 5 рақобати дӯстона мушкилоти зиёди тимро пайдо намудем ва пеш аз ҳама дар рафти тамринҳои барои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон бо ҳимоятгарон бештар банд будем.
Таҳти роҳбарии ин мураббӣ Урдун ба истиснои пирӯзӣ муқобили Ямайка дар чор бозии дигар ноком гардидааст. Дар 3 бозӣ арабҳо ба дарвозаи хеш 8 гол сар доданд, ки аз мушкилии ҷиддии хатти муҳофизаи мунтахабаш гуфт ва ҳамчунин қайд кард, ки дар бозӣ бо Тоҷикистон куллан бозии мутафовитро нишон хоҳем дод. Бозигари мунтахаб Нур Равабдеҳ низ аз муҳимияти бозии аввали марҳилаи гуруҳӣ гуфт ва қайд кард, ки ба даст овардани 3 имтиёз дар сафар муқобили Тоҷикистон имконияти хуби аз гурӯҳ баромаданро барои мо муҳайё месозад.
Баъдан ба назди намояндагони ВАО сармураббии хорватии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ва сарбони мунтахаб Аҳтам Назаров баромаданд. Чун ҳамеша пеш аз рақобат сармураббии мо рӯҳияи хуб дорад ва ба қавли ӯ чунин рӯҳия кӯмаки зиёде ба натиҷаи мусбӣ ва эътимод ба нафси бозигарон кумак мекунад. Петр Сегрт иброз намуд, ки яккачини Урдун бениҳоят тими қавӣ аст ва моро имтиёҳони ҷиддие дар пеш хоҳад буд. Ба суоли чӣ гуна муқобили ин тим нақша тарҳрезӣ кардааст, Сегрт чунин ҷавоб гуфт.
Мо дар рафти бозӣ ҳунарнамоии ҳарифро дида, натиҷагирӣ мекунем ва аз нақшаҳои гуногуни тарҳрезӣ намуда, ки намехоҳам ифшояшон кунам истифода намуда, бозии худро беҳтар хоҳем намуд. Аҳтам Назаров иброз дошт, ки Урдуни 2 сол қабл, ки мо бо ӯ бозӣ кардем ба куллӣ иваз шудааст ва тими мо ҳам бо бозигарони ҷавони боистеъдод қавӣ гардид ва аз мухлисони кишвар дархости ба варзишгоҳ омаданро кард ва бар ивази ин бозии зебову қаноаткунандаро нишон хоҳем дод, гуфт сарбони тими миллӣ. Дар интиҳо Петр Сегрт қайд кард, ки барои ба даст овардани натиҷаи мусбӣ дар рақобат бо Урдун, ки баъди фаъолияти тӯлонӣ бозии худро дар хона доир мекунем, кулли тавоноиямонро хоҳем дод. Урдун хеле қавӣ аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо заифем. Барои ҳар як порчаи майдон хоҳем ҷангид, гуфт Петр Сегрт. Бо гирифтани як акси хотиравии мураббӣ ва бозигарони мунтахабҳо нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ба поён расид.
Бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдунро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунад. Довари марказии вохӯрӣ довари 46-солаи ФИФА Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қаисӣ таъйин шуд.
Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Довуд Ҳусейн Ал-Виндавӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Зайд Темур Муҳаммад иҷро мекунад. Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат карда, Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ таъйин гардиданд.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун рӯзи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.