"Пингвинҳо" ба зинаи сеюми NHL баромаданд

"Пингвинҳо" ба зинаи сеюми NHL баромаданд

Дар шаҳри Питтсбурги Амрико дар ҳузури беш аз 18-уним ҳазор мухлис дидори дастаҳои “Питтсбург Пингвинз” ва “Миннесота Уайлд” доир шуд. Ин дуюмин дидори тимҳо буда, дар вохӯрии нахуст питсбургиҳо бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуда буданд ва дар ин нерусанҷӣ ҳам бо ҳисоби 7:3 тими “Миннесота Уайлд”-ро мағлуб карданд. Голҳои “пингвинҳо”–ро Евгения Малкин (2 гол), Ҷаред Макканн, Брайан Раст, Сидни Кросби, Доминик Симон ва Алекс Галченок ба самар расониданд. Аз тими “Миннесота Уайлд” ҳам Зак Паризе бо задани ду гол дублро ба номаш сабт карда, ҳамчунин Маркус Фолинйо як голи дигар зад. Пас аз ин пирӯзӣ “Питсубрг Пингвинз” бо 63 имтиёз дар зинаи сеюми бахши шарқии Лигаи Миллии Хоккей қарор гирифт.