Ғалабаи аввалини “Равшан” дар “Кӯлоб – Арена”

Ғалабаи аввалини “Равшан” дар “Кӯлоб – Арена”

Аз ҳама бозии сермухлистарини даври панҷуми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Ҳосилот” ба охир расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”-и шаҳри Кӯлоб бозӣ карданд. Ин аввалин бозӣ дар ин майдон дар мавсими имсола мебошад. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Равшан” хотима ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 12-уми бозӣ аз ҷониби Оянвале Олаулова ба фоидаи “Равшан” кушода шуд. Паси головарро Азизбек Ҳаитов марбути номи хеш намуд.

Дар дақиқаи 33-юми бозӣ Азизбек Ҳаитов аз канори рост бо суръати баланди худ аз дифоъгарони “Ҳосилот” гузашта, голи дуюми “Равшан”-ро ба самар расонид .

Дар қисми дуюми бозӣ дастпарварони Амин Субҳонӣ фаъол шуданд ва бештар таваҷҷӯҳи худро ба хати ҳамла равон карданд. Ҳамин ҳамлаҳои пайиҳам буд, ки бозигари “Равшан” Йола Зепатта дар дақиқаи 68-ум муаллифи худгол шуд.

Дар идома мо шоҳиди гол дар дербии минтақаи Кӯлоб миёни дастаҳои “Равшан” ва “Ҳосилот” нашудем ва бо бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими мизбон хотима ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Равшан” бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Ҳосилот” то ҳанӯз ғалаба надорад ва бо 2 имтиёз дар зинаи 10-ум маскан гирифтааст. “Истиқлол” бо 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Равшан” бо “Панҷшер” дар сафар ва “Ҳосилот” бо “Истаравшан” дар хона рӯзи 19-ум апрел бозӣ мекунанд.

ТВ "Варзиш"