Пирӯзии боварибахши “Ал-Наср” дар Риёз бар “Истиқлол”

Пирӯзии боварибахши “Ал-Наср”  дар Риёз бар “Истиқлол”

Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё миёни дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”-и Эрон ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди тими “Ал-Наср” анҷом ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳамлагари колумбии тими “Ал-Наср” Ҷон Дуран боз кард. Ин аввалин голи Дуран дар Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё буд.

Дар дақиқаи 27-уми бозӣ Криштиану Роналду аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро дуболо намуд. Ин голи 7-уми Роналду дар Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё ва 927-умро дар корномаи касбии футболбозиаш ба самар расонид.

Аз паси головари Анжело дар дақиқаи 84-ум истифода карда, Ҷон Дуран голи сеюми “Ал-Наср”-ро зад ва бозии дастаҳо бо ҳамин натиҷа анҷом ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки бозии аввали дастаҳо дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бидуни гол 0 бар 0 анҷом ёфта буд. Ба ҳамин тартиб, “Ал-Наср” ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва пас аз натиҷаи қуръакашӣ бо яке аз дастаҳои минтақаи Шарқӣ Осиё рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

ТВ "Варзиш"