Пирӯзии бузурги “Аталанта” бар “Фрозиноне” дар даври 20-уми Серияи А
Имрӯз, 16-уми январ бозии даври 20-уми Серияи А-и итолиявӣ миёни тимҳои “Аталанта” аз Бергамо ва «Фрозиноне» дар варзишгоҳи «Ҷевисс (Атлети Адзурри)» дар Бергамо доир гардид, ки бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 20-ум
16-уми январи соли 2024, сешанбе. 00:45 ДШБ
“Аталанта” (Бергамо) 5 : 0 “Фрозиноне” (Фрозиноне)
1:0 Копмейнерс – 8' 2:0 Эдерсон – 13' 3:0 Де Кетеларе – 14' 4:0 Дзаппакоста – 83' 5:0 Холм – 90'
Айни ҳол баъди 20 даври анҷомшудаи Серияи А «Аталанта» бо 33 хол дар зинаи панҷум қарор дошта, «Фрозиноне» бошад бо 19 хол дар мақоми 15-ум қарор дорад.