Пирӯзии бузурги «Истиқлол» дар дербии шаҳри Душанбе

Пирӯзии бузурги «Истиқлол» дар дербии шаҳри Душанбе

Бо бозӣ байни дастаҳои “Душанбе-83” ва “Истиқлол” рақобатҳои даври 1-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфтанд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо натиҷаи бузурги 7:0 ба суди қаҳрамони феълии кишвар хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро Вахит Оразсахедов, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев (дубл) ва Манучеҳр Ҷалилов (хет-трик) ба самар расониданд.

Дар даври дуюми Чемпионат рӯзи 11-уми апрел «Душанбе-83» бо «Локомотив-Помир» дидор анҷом медиҳад. Якшанбеи 12-уми апрел бошад, «Истиқлол» тими КМВА-ро меҳмондорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин ҳунарнамоии дастаи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ мебошад.

Чемпионати Тоҷикистон-2020

Лигаи олӣ

Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Истиқлол» - 0:7

Голҳо: Вахит Оразсахедов 26, Манучеҳр Ҷалилов 31, 60, 64, Алишер Ҷалилов 46, Шериддин Бобоев 80, 90.