Пирӯзии бузурги Ҷопон бар Замбия дар Ҷоми Ҷаҳон
Имрӯз, 22-юми июл дар чемпионати ҷаҳонии футбол миёни бонувон бозии даври 1-уми гурӯҳи С доир шуд. Дар варзишгоҳи «Уаикато»-и Гамилтони Зеландияи Нав мунтахабҳои Замбия ва Ҷопон ба майдон омаданд, ки ҷопониҳо аз пирӯзии бузурги 5:0 истиқбол гирифтанд.
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 43-юм кушода шуд: зарбаи дақиқи Хината Миядзава ба гол табдил ёфт. Дар дақиқаи 55-ум Мина Танака ҳам ба задани гол даст ёфт ва ин гол бояд барояш сеюмин мешуд, аммо ду голи пешини ӯ баъди санҷишҳои VAR ба қайд гирифта нашуданд. Баъди чанд дақиқа Миядзава голи дуюми хешро ба самар расонида, муаллифи голи чорум бошад Дзюн Эндо гардид. Ҳамчунин дар дақиқаи 90+7-ум Замбия баъди корти сурх гирифтани Кэтрин Мусонда даҳнафара монд. Ҷопон ҳаққи задани пеналтиро ба даст овард, ки онро Рико Уэки муваффақона иҷро намуд.
Мунтахабҳои Замбия ва Ҷопон дар якҷоягӣ Коста-Рика ва Испания шомили як гурӯҳанд. Дирӯз, 21-уми июл бошад испаниҳо бо ҳисоби 3:0 костарикагиҳоро шикаст доданд.
ҶҶ-2023 (з). Гурӯҳи C. Даври 1-ум
22-юми июли соли 2023, шанбе. 12:00 ДШБ
Замбия (з) 0 : 5 Япония (з)
0:1 Миядзава – 43' 0:2 Танака – 55' 0:3 Миядзава – 62' 0:4 Эндо – 71' 0:5 Уэки – 90+11'
Бозибадаршавӣ: Мусонда – 90+7'