Пирӯзии «Истиқлол» ва «Файзканд» дар даври 4-уми Лигаи олӣ

Пирӯзии «Истиқлол» ва «Файзканд» дар даври 4-уми Лигаи олӣ

Имрӯз, 25-уми апрел дар доираи рақобатҳои даври 4-уми Лигаи олӣ ду бозӣ баргузор шуд. Нахуст шуда, бозии дастаҳои “Файзканд” ва “Истаравшан” доир гашт, ки дар ин майдондорӣ мизбонон бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуданд. Маврид ба ёдоварист, ки «Истаравшан» то ҳол дар мавсими нави Лигаи олӣ имтиёзе ба даст наовардааст.

Бозии дигари даври мазкур байни “Истиқлол” ва “Куктош” сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ қаҳрамони феълӣ дастаи рақибро бо натиҷаи калони 6:1 шикаст дода, ғалабаро соҳиб шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).