Пирӯзии Муҳаммад Наимов бар Каан Офли дар UFC Fight Night 250

Ин пирӯзии 12 Муҳаммад Наимов аст. Наимов 3 бохт низ ба қайд гирифтааст. Офли 11 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дар ҳисоб ҳамакунун дорад.
Муҳаммад Наимови 30-сола дар овони ҷавониаш дар мусобиқаҳои таэквондо сатҳи шоиста нишон додааст. Вай аввалин задухӯрди худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 анҷом дода, аз он замон то кунун 15 маротиба ба октагон ворид шуда, 12 маротиба пирӯз шудааст, ки ҳашттоаш пеш аз мӯҳлат ба даст омадааст.
Каан Офлии 31 сола зодаи Австралия буда, дар муҳорибаи омехта бори аввал соли 2014 вориди октагон шуда буд. Ӯ дар маҷмӯъ 15 набард дошта, 11 пирӯзӣ ба даст овардааст, ки 7-тоаш пеш аз муҳлат мебошанд. Дар UFC Офли сеюмин рақобаташро анҷом дод. Моҳи августи соли гузашта, ӯ аз Майрон Сантос шикаст хӯрда буд.
Муҳаммад Наимов рақобати панҷумашро дар ташкилоти бонуфузи UFC доир кард. Дар рақобати дебютиаш Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия музаффарият ба даст оварда буд. Дар идома Наимов бар Натаниэл Вуди англия ва Эрик Силваи бразилӣ зафар ёфта, дар рақобати охирин аз Фелипе Лимаи бразилӣ ноком гардид. Пирӯзӣ дар рақобати панҷум бар Каан Офли ба даст омад.