Пирӯзии мунтахаби Қирғизистон бар нафъи мо

Пирӯзии мунтахаби Қирғизистон бар нафъи мо

Қаблан зарур буд, ки ба дарвозаи Мянмар 7-гол зада онҳоро ба ҷойи охири гурӯҳ фарорем, то ин ки ҳамон иштибоҳи сахт дар бозии аввал ислоҳ гардида, 3-холи бохтамонро бозпас гирифта шавад. (Ба делели аз идомаи мусобиқа даст кашидани Кореяи Шимолӣ натиҷаи ҳаммаи дастаҳои ҷойи охир ба ҳисоб гирифта намешавад). Акнун кори мо осон гардид. Қирғизистон ба таври ноогоҳ ҳамон 7-голро ба дарвозаи Мянмар равон кард. (бозӣ бо ҳисоби 8-1 ҷамъбаст шуд). Тоҷикистон дар бозии охир бо фарқияти як гол Мянмарро шикаст диҳад кофӣ аст, ки дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ишғол кунад. Ба ҳар ҳол ба бохти Ҷопон дар рақобат бо Қирғизистон боварӣ надорем. Дар охирин рақобатҳои марҳилаи дуюми интихобӣ натиҷаи 5-мунтахаби ҷойи дуюмро мунтазир мешавем.

5 имкони ба марҳилаи сеюм баромаданро дорем: Агар Чин аз Сурия, агар Урдун дар ҳарду бозӣ бо Кувайт ва Австралия, агар Эрон аз Ироқ, агар Ӯзбекистон аз Саудӣ, агар Аморот аз Ветнам мағлуб гарданд, Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ва рост ба чемпионати Осиё роҳхат мегирад. Дар ҳамин 5-бозӣ як мағлубиятро интизор мешавем.