Пирӯзии нахусти қаҳрамони феълии Осиё

Пирӯзии нахусти қаҳрамони феълии Осиё

Мунтахаби Ҷопон чун қаҳрамони феълии Осиё миёни бонувон бидуни эҳсоси ягон мушкил дар доираи бозии нахусти марҳилаи гурӯҳӣ яккачини Мянмарро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода, се холи аввал ба каф кард.

Ду голи ин бозии гурӯҳи “С”-ро Юи Хасэгава дар дақиқаҳои 47-ум ва 90+2-юм ба самар раонида, се голи дигарро Уеки Рико (дақ.22-юм), Наомото Хикаро (дақ.52-юм) ва Нарумия Юи (дақ.70-ум) вориди дарвозаи тими бонувони Мянмар намуданд.