Пирӯзии нахусти яккачини Гамбия дар Ҷоми Африқо

Пирӯзии нахусти яккачини Гамбия дар Ҷоми Африқо

Дар бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Африқо мунтахаби Гамбия Мавританияро бо ҳисоби (1:0) мағлуб намуд.

Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи даҳум бозигари бошгоҳи “Метс”-и фаронсавӣ Эйбли Ҷаллоу ба самар расонид. Сароғози ин бозӣ бошад рӯйдоди ғайричашмдоште ба миён омад. Ташкилкунандагони бозӣ бар ивази суруди миллии кишвари Мавритания мусиқии дигарро таклиф намуда, мусиқӣ мутобиқи суруди миллиро ёфта натавонистанд. Дар натиҷа бозингарон суруди миллиро худ бозхонӣ карданд.

Пас аз даври якум дар гурӯҳи F мунтахабҳои Гамбия ва Мали бо се хол садрнишини гурӯҳ буда, дастаҳои Мавритания ва Тунис то ҳол сифр холӣ доранд.

Ҷоми миллатҳои Африқо. Гурӯҳи F

Мавритания 0:1 Гамбия

Голҳо

Ҷаллоу, 10 (0:1)

Мавритания

Диоп, Карамоко (Абу Демба, 46), Абейд, Тиам (Камара, 66), Убейб (Ба, 80), Фофана, Мусса Н`Диайе (Тиам, 65), Деллаи, Маҳмуд (Абдерраман, 59), Ба, Камара

Гамбия

Ҷоб, Колли (Ҷаллоу, 74), Гомес, Жанйе, Турай (Санне, 82), Марреҳ, Адамс, Ҷаллоу (Дарбо, 64), Сисей (Дарбо, 64), Барроу, Колли

Муҷозотҳо:

Ба 28, Мусса Н`Диайе 30 - Колли 56, Ҷаллоу 90, Дарбо 90