Пирӯзии нахустини "Шеффилд Юнайтед" дар Премйер Лига

Пирӯзии нахустини "Шеффилд Юнайтед" дар Премйер Лига

Тими "Шеффилд Юнайтед" дар бозии даври 18-уми чемпионати Англия муқобили "Нюкасл" ба нахустин пирӯзиаш дар мавсими имсолаи мусобиқа даст ёфт. Ғалабаи шеффилдиҳоро як голи задаи Билли Шарп аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаи 72-юм таъмин кард. Дар умум, ин дуюмин пирӯзӣ дар мавсими имсола барои шогирдони Крис Уайлдер буд. Чанд рӯз пеш, онҳо дар бозии сафарии мусобиқаи Ҷоми Англия бар "Бристол Роверс" дастболо шуданд. Новобаста аз ин пирӯзӣ "Шеффилд Юнайтед" бо 5-хол дар зинаи охир қарор дорад.