Пирӯзии навбатии каталониҳо дар муҳимтарин мусобиқаи Аврупо

Пирӯзии навбатии каталониҳо дар муҳимтарин мусобиқаи Аврупо

Дар майдони Палау Блаугранаи шаҳри Барселонаи Испания тими “Панатинаикос”-и Юнон меҳмони “Барселона” шуд. Дар се чоряки ин вохӯрӣ дастаҳо ба тартиб дастболо шуда ба чоряки чорум бо ҳисоби мусовии 58 бар 58 баромаданд. Дар чоряки чорум ҳам ҳар ду ҷониб 17 имтиёзӣ касб карда ғолиб дар вақти асосӣ муайян нагардид. Аммо дар вақти иловашуда соҳибони майдон бозии беҳтар намуда дар ниҳоят “Барселона” бо ҳисоби умумии 97 бар 89 “Панатинаикос”-и Юнонро шикаст дод. Пас аз ин пирӯзӣ каталониҳо дар зинаи дуюми рақобатҳои баскетболии Лигаи Аврупо қарор гирифтанд.