Пирӯзии навбатии Медведев дар Australian Open

Пирӯзии навбатии Медведев  дар Australian Open

Дар доираи рақобати даври сеюми Чемпионати кушоди Австралия оид ба теннис варзишгари рус Даннил Медведев бар муқобили ҳарифи 26-солаи нидерландияш Ботик ван де Зандсхулп вориди корт шуда, бо ҳисоби умумии 6:4, 6:4, 6:2 зафар ёфт ва роҳ ба марҳилаи 1/8 ниҳоии Australian Open-2022 пеш гирифт.

Даниил дар масири рақобати мазкур дар варзишгоҳи “Маргарет Корт Арена” доир шуда, 1 соату 57 дақиқа идома ёфт, 10 эйс ва 6 иштибоҳи дуболо анҷом дода, 6 аз 11 брейк-пойнтро амалӣ намуд, дар ҳоле,ки вақти қабули тӯб 34 хол ба каф кард.

Ҳарифи нидерландияш бошад дар навбати худ бо вуҷуди се эйс ягон брейк-пойнт аз серо амалӣ накарда, вақти қабули тӯб 24 хол гирифтааст.