Пирӯзии навбатии шоҳи Лигаи Чемпионҳо

Пирӯзии навбатии шоҳи Лигаи Чемпионҳо

Имрӯз, 25-уми ноябр рақобатҳои даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо хотима ёфтанд, ки яке аз онҳо ин дидори дастаҳои «Шериф» ва “Реал” ба шумор мерафт. Дидори дастҳо суръатнок баргузор шуда, бо натиҷаи 3:0 ба суди бошгоҳи шоҳона хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм Давид Алаба боз намуд. Баъдан Тони Кроос ба задани гол даст ёфт. Тӯби сеюми “гаразмониҳо”-ро бошад, Карим Бензема ба ҳадаф расонид. Баъди ин вохӯрӣ “Реал” пешсафи гурӯҳи D шуда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт.