Пирӯзии Рафаэл Надал дар даври сеюми Australian Open

Пирӯзии Рафаэл Надал  дар даври сеюми Australian Open

Дар даври сеюми Чемпионати кушоди Австралия оид ба теннис дорандаи рақами шаши сабқатҳо, теннисбози дастони испанӣ Рафаэл Надал теннисбози рус Карен Хачановро бо ҳисоби 6:3, 6:2, 3:6, 6:1 мағлуб намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромад.  Давомнокии сабқат 2 соату 50 дақиқаро ташкил дод.

Карен 13 маротиба эйс анҷом дод, 36 холи фаъолона ба каф кард ва 42 иштибоҳи нолозим намуд. Дар ҳисоби ғолиби     20-каратаи сабқатҳои «Тоскулоҳи бузург» бошад 4 эйс, 39 виннер ва 30 иштибоҳи нолозим буд.

Аз барои роҳхат ба марҳилаи чорякниҳоӣ Надалро ғолиби ҷуфти Аслан Карасев (Россия, 18) — Адриан Маннарино  (Фаронса)  интизор мешавад. Сабқатҳо бошанд санаи  30-юми январ анҷом меёбанд.

Australian Open (м). Даври 3-юм  

Карен Хачанов 1 : 3 Рафаэл Надал