Пирӯзии себораи ду аср

Пирӯзии себораи ду аср

Дару диёру деҳу дашту дамани кишвари паҳлавонпарвари Тоҷикистон дар гетӣ шӯҳрату шон ёфтаву маҳбуб гашта, ки дигар ба сони родмардонаш мард нест. Сароғози ин паҳлавонию майдондорию мардиро марди майдон, қаҳрамони ҷаҳон, фарзонафарзанди ин меҳану миллати барӯманд Саидмуъмин Раҳимов ҳанӯз дар соли 1975 дода буд. Фурсату фосилаи фаротар аз 40 сари соли бидуни қаҳрамонӣ, дигар ту гуфтӣ, нангу ору номусу ҳисси ватанпарастии шербачаҳои майдонорои моро дар рагу хуну вуҷудашон дуболову дубора бедор сохт, ки дигарбора шишаи номуси миллат дар бағал бардошта, арсаи қаҳрамонии офоқро ба касе надоданд. Аввал Беҳрӯзи барӯманду бурзу бозуманду бориз баҳри миллат нишони тиллои мусобиқот ё маъракаи муҳташаму муҳими Чемпионати ҷаҳонро моли ҳалоли хеш сохтан ёристу ин бор бошад такрори дубораи кори пири пеша, устоди паҳлавононро Хушқадами хушпайи қадам такрор карду рӯсурхии миллатро таъмин сохт. Дигар аз ин дастмӯза мо дар кулвори тиллоҳои хеш кам надорему онро ба қадри гавҳараки чашм нигаҳбонем. Муборак пирӯзии бузурги себора дар ду аср.

Таҳияи Лутфуллои Азиз