Пирӯзии таърихии «Истиқлол» дар Лигаи Чемпионҳо

Пирӯзии таърихии «Истиқлол» дар Лигаи Чемпионҳо

Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дастаи овозадори «Истиқлол» дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё-2021 бо намояндаи ҳамсоякишвар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат намуд. Дар ин дидор шербачаҳои мо нахустин пирӯзии таърихиашонро дар бонуфузтарин мусобиқаи қораи Осиё соҳиб шуданд. Нерусанҷии тимҳо дар кишвари Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо натиҷаи 3:2 ба суди бошгоҳи шаҳри Душанбе хотима ёфт. Голи аввалини ин бозӣ ва голи нахустини “Истиқлол”-ро дар Лигаи Чемпионҳо футболбози сербтабори дастаи АГМК -Йован Ҷокич дар дақиқаи 45+1 иштибоҳан таслими дарвозаи хеш намуд. Дар даҳаи оғози пайти дуюм Манучехр Ҷалилов голи дуюми дастаи “Истиқлол”-ро ба нишон расонида, натиҷаро дуболо кард. Се дақиқа пас аз голи Ману футболбози дастаи рақиб - Зафар Полвонов ҳисобро 2:1 намуд. 

Баъди ин гол ғазаби футболбозони мо баланд шуда, дар дақиқаи 80-ум бо голи зебои Муҳаммадҷон Раҳимов натиҷаи дидор 3:1 гардид. Ин охири кор набуд, зеро Зафар Полвонов дар лаҳзаҳои ниҳоии дидор ба задани голи дуюми дастааш шарафёб гардид. Ҳамин тавр дастаи “Истиқлол”-и мо нахустин пирӯзии таърихиашро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба даст овард. Рақобати дигари гурӯҳи “А” байни дастаҳои «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» ва «Ал-Ҳилол» бо натиҷаи 2:0 ба суди мизбони ин мусобиқа дастаи «Ал-Ҳилол» хотима ёфт. Ҳоло баъди ду даври рақобатҳо дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Ҳилол» бо касби 4 имтиёзӣ пешсафони гурӯҳи “А” мебошанд. Тимҳои «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» ва АГМК бошанд, танҳо як холӣ доранду зинаҳои сеюм ва чорумро ба худ тақсим намудаанд. 

Хотиррасон бояд шуд, ки дастаи “Истиқлол” санаи 21-уми апрел дар давр сеюм бо тими «Ал-Ҳилол» рақобат мекунад. Ногуфта намонад, ки «Ал-Ҳилол» қаҳрамони секаратаи Лигаи Чемпионҳо мебошад. Дар ин дидори сахту сангин ба “Истиқлол” барору коёбӣ таманно дорем.

Лигаи Чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:3

Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 (худгол) (0:1). Манучехр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ҳанонов, 46), Муҳаммаҷон Раҳимов, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҷалилов.