Пирӯзии тезкори рамзгари рус бар Нунйес дар UFC Vegas 77

Довари асосии рақобатро зарур омад, ки ба зудӣ муҳорибаро боздорад.
Дар доираи силсиларақобатҳои UFC Vegas 77 муҳорибаи бонувон миёни Виктория Дудакова ва Истела Нунйес баргузор гардид.
Дудакова тариқи нокаути техникӣ дар раунди аввал пирӯзӣ ба даст овард. Муҳориба баъди оне боздошта шуд, ки дасти Нунес вақти афтиш шикаст.
Барои Дудаковаи 24-сола ин рақобати аввалин дар UFC гардид. Ӯ соҳиби омори ҳафт пирӯзӣ бидуни ягон бохт аст.
Муҳориба ҳамагӣ 34 сония давом кард: Дудакова тейкдаун иҷро намуд ва Нунйес бошад бо такя ба даст оринҷашро шикаст. Размгари бразилӣ аз дард дод мезад ва баъди ин довар муҳорибаро боздошт.
Варзишгари 30-солаи бразилӣ баъдан аз шифохона дар паёмаки хеш изҳор дошт, ки бо нерӯи бузургтаре баргашт хоҳад кард.
«Ташаккури зиёд барои муҳаббат ва дастгириҳоятон. Вақте ба хона мерасам, ба ҳама посух медиҳам. Раҳмат барои ҳамаи мухлисонам. Худро хеле пурқувват эҳсос мекардам. Ба ин муҳориба омодагии хосса дидам. Медонистам, ки имрӯз шоми ман буд, ин рақобати ман буд.
Аммо ман пурқувваттар бозгашт хоҳам кард ва бароятон кулли тавонамро нишон медиҳам. Раҳмат ба UFC ва ташаккур ба Дана Уайт».