Пирӯзии тими “Даштак” дар Дарвоз

Пирӯзии тими “Даштак” дар Дарвоз

Дар ноҳияи Дарвоз дар доираи рушди мусобиқаҳои варзишии “Деҳа ба деҳа” миёни ҳашт дастаи беҳтарини ноҳия бо иқдоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи фубол гузашт. Мусобиқа миёни ҷавонону наврасони аз синни 14 то 30 сола доир шуда, ҳамаи бозингарон дар он маҳорати хуб нишон доданд. Ҳамин тавр, бозии даври ниҳоӣ байни дастаҳои “Даштак” – у “Зинг” бошиддат ва диданӣ сурат гирифта, дар охир “Даштак” бар тими рақиб бо ҳисоби 3 : 2 ғолиб омад. Ба гуфтаи манбаъ ҳоло дигар чорабиниҳои ноҳиявӣ ба ифтихори Рӯзи Президент роҳандозӣ шуда, бомаром мегузаранд.