Пирӯзии “Уқобон”-и соҳили Сир дар дербии шаҳри Хуҷанд

Дар доираи бозиҳои даври панҷуми Лигаи олӣ дастаҳои “Эсхата” ва “Хуҷанд” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Уқобон”-и соҳили Сир хотима ёфт.
Дар дақиқаи 45+2 Сергей Сканян ҳисобро ба фоидаи “Хуҷанд” боз намуд. Дар дақиқаи 79-ум Ҳоҷӣ Абдуманон ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 90-уми бозӣ Шуҳратҷон Шоназаров голи ғалабаоварро ба дастаи “Хуҷанд” ба самар расонид.
Ин ғалабаи дуюми пайиҳами “Хуҷанд” пас аз се бохти пайиҳам дар мавсими имсола аст. “Хуҷанд” аз дастаҳои “Истиқлол” (1:0), “Вахш” (1:2), “Равшан” (4:1) мағлуб шуда, бар “Истаравшан” (1:0) ва “Эсхата” (1:2) ғалаба намуд.
“Эсхата” ба бохти дуюм рӯ ба рӯ гардид. “Бонкдорон” аз дастаҳои “Вахш” (3:1) ва “Хуҷанд” (1:2) мағлуб шуда, ғалабаро бар “Равшан” (1:0), “Ҳулбук” (2:5) ба даст оварда, бо “Истаравшан” (2:2) мусовӣ намуд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Эсхата” бо 7 имтиёз дар зинаи 6-ум аст. “Хуҷанд” бо 6 имтиёз дар зинаи 8-ум ва “Истиқлол” бо 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.
Дар даври оянда, “Эсхата” дар сафар бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” бо “Ҳулбук” дар сафар рӯзи 18-уми апрел бозӣ мекунанд.
ТВ "Варзиш"