Пирӯзии «Вашингтон» бар «Лос-Анҷелес» дар Лигаи Миллии Хоккей
Дар шаҳри Лос-Анҷелес дар варзишгоҳи «Крипто.ком-Арена» бозии навбатии чемпионати даврии Лигаи Миллии Хоккей миёни тимҳои «Лос-Анҷелес Кингз» ва «Вашингтон Кэпиталз» доир шуд, ки бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 10-ум ҳисоби бозиро ҳамлавари «Лос-Анҷелес» Артур Калиев аз партофти Андреас Энглунд ва Ҷордан Спенс кушод. «Вашингтон ба шарофати голи Энтони Манта ба худӣ ҳисобро баробар кард. Ирсоли голӣ дар ҳисоби Коннор Макмайкл ва Алексей Протас мебошад. «Кэпиталз» дар охири даври дуюм ба пеш баромад. Ин навбат Коннор Макмайкл аз партофти Энтони Манта ва Алексей Протас ба задани гол даст ёфт.
Дар миёнаи даври сеюми рақобат «Лос-Анҷелес» голе ба самар расонид, ки он ба хотири қоидаи офсайд ҳисоб карда нашуд. Охири рақобат «Вашингтон» тавонист ҳисоби пирӯзиоварро нигоҳ дорад ва ба бохти иборат аз ду бозии паиҳами хеш нуқта гузорад. Қобили қайд аст, дар ҳисоб аз рӯи зарбаҳо бо натиҷаи 39:15 «Кингз» пешсаф буд. Сарвони «Кэпиталз» Александр Овечкин ҳеҷ амали натиҷабахш надошт.