Пирӯзии Волкановски бар Родригес дар муҳорибаи асосии UFC 290
Дар доираи муҳорибаи асосии силсиларақобатҳои UFC 290 Алекс Волкановски ва Яир Родригес аз рӯи вазни миёнаи сабук ба ҳам омаданд, ки дар натиҷа Волкановски тариқи нокаути техникӣ дар раунди сеюм ба пирӯзӣ расид.
Размгари австралиявӣ баъди ин музаффарият ба панҷумин дифоъкунии камарбанди қаҳрамонии хеш даст ёфт.
Ин ҳам нахустин муҳорибаи Волкановски баъди мағлубият аз Ислом Махачев дар моҳи феврали соли 2023 аст. Ӯ қаҳрамони феълии вазни миёнаи сабук мебошад.
Родригес бошад соҳиби камарбанди муваққатии қаҳрамонӣ буд. Моҳи феврали соли 2023 ӯ Ҷош Эмметтро мағлуб кард.