Писари Это'О аввалин голашро дар ҳайати “Райо Валйекано” ба самар расонид

Писари Это'О аввалин голашро дар ҳайати “Райо Валйекано” ба самар расонид

Дастаи «Райо Валйекано» дар бозии 1/64 финали Ҷоми Испания бо тими «Депортиво Вилямуриэлем» рақобат кард. Дар ин вохӯрӣ дастаи шаҳри Мадрид бо ҳисоби 5:0 ғалабаи калон ба даст овард.

Бозӣ бо он ҷолиб буд, ки писари Самуэл Это'О-и афсонавӣ Этйен голи аввалини худро дар сатҳи касбӣ зад. Ҳамлагари 22-солаи камерунӣ голи панҷуми бозиро ба самар расонид.

Этйен Это'Ои 22-сола тобистони соли ҷорӣ аз тими "Юнион Колладо" ба "Райо" пайваст ва имрӯз дар бозии Ҷоми Испания дебют кард. Ин як дебюти орзу буд, зеро ӯ чанде пас аз ворид шудан ба майдон ба ҳайси ивазкунанда гол зад.

Ёдовар мешавем, ки Самуэл Это'О дар давоми солҳои 2004 то 2009 дар “Барселона” яке аз пурмаҳсултарин ҳамлагарон дар футболи ҷаҳон буд ва соҳиби ҷоизаҳои сершумор ва ҷоизаҳои инфиродӣ гардид.