Писари Марадона дар мавриди бохти Аргентина ва Месси ибрози назар кард

Писари Марадона дар мавриди бохти Аргентина ва Месси ибрози назар кард

Диего Армандо Марадонаи хурдӣ, писари футболбози афсонавии аргентинӣ Диего Марадона дар бораи шикасти тими миллии Аргентина дар бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол аз тими Арабистони Саудӣ (1:2) изҳори назар кард. Ҳамчунин ӯ дар бораи ҳамлагар Лионел Месси ҳам  сухан гуфт. Суханони писари Марадонаро нашрияи бонуфузи  Marca чунин иқтибос овардааст.

 “Падарам ва Мессиро танҳо онҳое муқоиса мекунанд, ки футболро намефаҳманд. Сухан дар бораи ду сайёраи гуногун меравад, аммо ман намехоҳам дарҳол ба Месси хотима гузорам.

Ман аз ин мағлубият ғамгин шудам. Бовар кардан душвор аст, ки ҳамаи ин воқеан рӯй додааст. Аз Арабистони Саудӣ мағлуб шудан ин ба ақли кас рост намеояд. Лек шумо инро дарк кунед, ки  дар футбол чунин мешавад ва шумо ҳатто ба рақибони хеле заифтар мағлуб мешавед.”

Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 тими миллии Аргентина бо тими миллии Арабистони Саудӣ вохӯрд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Лусаил Иконик”  баргузор шуда, бо пирӯзии сенсатсионии саудиҳо бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.